Комроншоҳ ба даври дуюми Чемпионати ҷаҳон роҳ ёфт

Комроншоҳ ба даври дуюми Чемпионати ҷаҳон роҳ ёфт

Комроншоҳи Устопириён, ки Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳон-2021 дар вазни -90кг намояндагӣ дорад, ба даври дуюми ин мусобиқаи муҳташам роҳ ёфт. Устопириён дар даври аввал бо рақибаш аз кишвари Габон Адама Далекс даст ба гиребон шуд. Ин ҷудочии шинохтаи тоҷик бар Адама Далекс пирӯз шуда, ба даври дуюм роҳ ёфт. Акнун дар даври 2-юм Комроншоҳи Устопириён бо намояндаи Перу Юта Галаррета неру хоҳад санҷид.