Комроншоҳ чиптаи Бозиҳои Олимпиро ба даст овард

Комроншоҳ  чиптаи Бозиҳои Олимпиро ба даст овард

Ҷудочии маъруфи тоҷик Комроншоҳ Устопириён, ки дар вазни -90кг баромад мекунад, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 гардид. Бар асоси феҳристи кунунии олимпӣ, ки дар сомонаи Федератсияи байналмилалии ҷудо нашр шудааст, Комроншоҳ дар байни 398 ҷудочии ҷаҳон, ки дар вазни -90кг ҳунарнамоӣ мекунанд, дар мақоми 21-ум бо 2784 имтиёз қарор дорад. Ӯ бо натиҷаи мазкур дар феҳристи ҷудокороне, ки ба таври мустақим барои ширкат дар Олимпиадаи Токио-2020 сафарбар мешаванд, ҷой гирифт.

Аз миёни ҷудокорони дигари кишвар Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Акмал Муродов (-81кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) низ имкони зиёде барои ба даст овардани роҳхати Олимпиада доранд. Ёдовар мешавем, ки Комроншоҳ Устопириён чорумин варзишгари тоҷик аст, ки ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳхат гирифтааст. Қаблан Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев (ҳарду дар риштаи бокс) ва Гулсумбӣ Шарифова дар варзиши сабук (давидан ба масофаи 100м) соҳиби иҷозатномаи иштирок дар Бозиҳои Олимпии-2020 гардида буданд. Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор мешавад.