Комроншоҳ дар даври ½ финал

Комроншоҳ дар даври ½ финал

Имрӯз, 8-уми апрел дар шаҳри Бишкек мусобиқаи Чемпионати Осиё-Уқёнусия (Asia-Oceania Senior Championships) дар ҳоли баргузорист, ки дар рӯзи сеюми мусобиқаи зикршуда, Комроншоҳи Устопириён-90кг рӯи татамӣ баромад. Комроншоҳ дар даври аввали ин чорабинӣ бо ҷудочии туркман - Шатлик Тораев неру санҷид. Дар ин дидор Комроншоҳ бо гирифтани ду «ваза-ари» ба даври баъдӣ роҳ ёфт. Дар даври дуюм Устопириён бо Бозбаев Ислом Қазоқистон набард кард. Дар ин нерусанҷӣ Устопириён комёб шуда, ба даври ½ финал роҳ ёфт. Ҳамин тавр дар даври ½ ниҳоӣ Комроншоҳ бо ду карат барандаи нишони тиллои “Тоскулоҳи бузург” ҷудочии ҷопонӣ - Сёитиро Мукай рақобат мекунад.