Комроншоҳ дар даври сеюми Чемпионати ҷаҳон-2021

Комроншоҳ дар даври сеюми Чемпионати ҷаҳон-2021

Комроншоҳи Устопириён, ки Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳон-2021 дар вазни -90кг намояндагӣ дорад, ба даври сеюми ин мусобиқаи муҳташам роҳ ёфт. Устопириён дар даври аввал бо рақибаш аз кишвари Габон Адама Далекс даст ба гиребон шуд. Ин ҷудочии шинохтаи тоҷик бар Адама Далекс пирӯз шуда, ба даври дуюм роҳ ёфт. Дар даври 2-юм Комроншоҳи Устопириён бар намояндаи Перу Юта Галаррета дастболо шуд. Ҳамин тавр дар даври сеюми Комроншоҳи Устопириён бо чоизадори чор нишони тиллои Grand Slam ҷудочии кишвари шветсия - Маркус Ниман дидор мекунд.