Комёбии "Арал", " Шоҳин" ва "Барқ" дар даври 5-ум

Комёбии  "Арал", " Шоҳин" ва "Барқ" дар даври 5-ум

11 августи соли ҷорӣ чор бозии даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюми вилояти Хатлон баргузор гаштанд.

Бозии марказии ин давр рақобат миёни дастаҳои «Чашма»-и ноҳияи Шаҳритуз ва «Арал»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба шумор мерафт. Рақобати ин ду тим пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби 2:1 ба суди меҳмонон хотима ёфт. Дар бозии дигари ин давр дастаи “Мунк”-и ноҳияи Ховалинг дар майдони худ аз тими “Шоҳин"-и ноҳияи Муъминобод бо ҳисоби 3:2 шикаст хӯрд.

Дастаи "Дӯстӣ"-и ноҳияи Ҷайҳун дар доираи ин давр бо тими "Пахтакор"-и ноҳияи Қубодиён вохӯрӣ анҷом дод. Дидори дастаҳо ҷолиб баргузор гашта, бо ҳисоби мусовӣ 2:2 ба анҷом расид. Ҳамчунин, бозии тимҳои “Сурхоб”-и ноҳияи Темурмалик ва “Барқ”-и шаҳри Норак бо ҳисоби 1:3 ба суди бозингарони “Барқ” ҷамъбаст шуд.

Мавриди зикр аст, ки имрӯз, 12 август се бозии дигар байни тимҳои «Кӯшон» - «Бешкент», «Сарбанд» - «Вахши зарнисор», «Сарҳадчӣ» - «Терай» доир мегардад.

Даври 5-ум, 11 августи соли 2020

«Чашма» - «Арал» 1:2

“Мунк” - “Шоҳин" 2:3

"Дӯстӣ" - "Пахтакор" 2:2

“Сурхоб” - “Барқ” 1:3

Хадамоти матбуотии Федератсияи футболи вилояти Хатлон