Комёбии футзалбозони мунтахаби Тоҷикистон

Комёбии футзалбозони мунтахаби Тоҷикистон

Тими мунтахаби футзали Тоҷикистон силсилаи бозиҳои рафиқонаашро дар моҳи феврал ба анҷом расонд, ки барои шогирдони мутахассиси гурҷӣ Александр Дзабирадзе марҳилаи омодагӣ ба Чемпионати Осиё-2020 дар Ашқобод маҳсуб меёбад.

Аз ҷумла, футболбозони мо дар шаҳри Даммом муқобили дастаҳои мунтахаби футзали Арабистони Саудӣ ва Кувейт ду бозии дӯстона анҷом дода, дар ҳар ду ғалаба карданд.

Бозӣ бо дастаи Арабистони Саудӣ 12 феврал баргузор шуда, бо ҳисоби 2:1 ба нафъи футболбозони мо анҷом ёфт. Голҳоро дар ҳайати тими Тоҷикистон Рустам Ҳомидов ва Иқбол Воситзода ба ҳадаф расониданд.

13 феврал, дар бозии дигари дӯстона футболбозони толории мо муқобили мунтахаби Кувейт ба майдон баромада, бо ҳисоби 4:2 пирӯз гардиданд. Голҳоро дар ҳайати Тоҷикистон Баҳодур Хоҷаев, Умед Кузиев ва Собирҷон Гулаков ба номашон сабт карданд. Як голи дигарро кувейтиҳо худашон ба дарвозаашон заданд.

Акнун дастаи футзали кишвар ба Душанбе баргашта, омодагиро ба Чемпионати Осиё-2020 идома медиҳад. Ёдовар мешавем, ки тими футзали Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё-2020, ки дар шаҳри Ашқободи Туркманистон доир мегардад, дар гурӯҳи “А” ҳамроҳ бо дастаҳои Туркманистон, Ветнам ва Уммон бозӣ мекунад.