Комёбии навбатии ракеткаи якуми ҷаҳон

Комёбии навбатии ракеткаи якуми ҷаҳон

Дар даври 2-юми мусобиқаи кушоди тенниси АТР 1000 дар Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин ракеткаи якуми ҷаҳон теннисбози машҳури Сербия Новак Ҷокович бо намояндаи Канада Денис Шаповалов қувва озмуд. Дар гузоаи як соату 10 дақиқа Новак Ҷокович ҳарифи худро дар ду пайт бо ҳисоби яксони 6:3 мағлуб кард. Ҳамакнун дар даври навбатӣ варзишгари сербӣ бо намояндаи ИМА Ҷон Иснер рақобат хоҳад кард. Хотиррасон мекунем, ки Новак Ҷокович дар финали соли гузаштаи мусобиқаи Шанхай бар теннисбози хорватӣ Борна Чорич зафар ёфта, унвони қаҳрамониро соҳиб гардида буд.