Комёбии наврасони кишвар ба тими Ӯзбекистон

Комёбии наврасони кишвар ба тими Ӯзбекистон

Имрӯз, 21-уми сентябр дар доираи омодагӣ ба Чемпионати Осиё мунтахаби то 16 солаи Тоҷикистон бо ҳамтоёни худ аз Ӯзбекистон бозии дӯстона баргузор намуданд. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуда, бо натиҷаи 1:0 ба суди футболбозони кишвар хотима ёфт. Дар ин набард голи ягонаи тими Тоҷикистонро дар дақиқаи 38-ум Хусрав Тоиров ба нишон расонида пирӯзии тимашро таъмин сохт.

Бозии дӯстона

ТОҶИКИСТОН (U-16) – Ӯзбекистон (U-16) – 1:0

Гол: Хусрав Тоиров, 38.