Комёбии “Самурайҳои кабуд” дар Тоҷикистон

Комёбии “Самурайҳои кабуд” дар Тоҷикистон

Имрӯз, 15-уми октябр, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дар доираи даври чаҳоруми марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 пешсафони гурӯҳи “F” – мунтахабҳои Тоҷикистон ва Ҷопон во хӯрданд. Бозӣ байни дастаҳо ҷолибу диданӣ сурат гирифта, бо ҳисоби 0:3 ба нафъи “самурайҳои кабуд” хотима ёфт. Дар нимаи аввали дидор миллипӯшони мо ду имконияти хубро дар назди дарвозаи рақибон натавонистан ба гол табдил диҳанд. Дар навбати худ мунтахаби Ҷопон низ якчанд ҳолати хатарнокро дар назди дарвозаи Рустам Ятимов созмон дод. Ҳамин тавр, қисми якум бидуни гол ба поён расид. Дар қисми дуюми вохӯрӣ ҷопониҳо аз ду зарбаи дарвозакӯби ҳамлавари моҳиру мумтози бошгоҳи “Залсбург”–и Себрия, ки чанд рӯз қабл дарвозаи “Ливерпул”-ро рахна карда буд, 2 гол аз Тоҷикистон пеш гузаштанд. Дар дақиқаи 82-юм бошад, Асано Такума голи сеюми “самурайҳои кабуд”-ро ба самар расонид. Ҳамин тавр, мунтахаби мо аз ҳарифи пурқувваттарини худ дар гурӯҳ бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Айни ҳол Тоҷикистон бо касби 6 хол дар зинаи сеюми гурӯҳи “F” қарор дорад.