Коннор Макдэвид аз Павел Дасюк аз рӯи шумораи холҳо дар ЛМХ пеш гузашт
Дар Анахайм бозии чемпионати даврии Лигаи Миллии Хоккей (ЛМХ) доир шуд, ки дар он «Анахайм Дакс» тими «Эдмонтон Ойлерз»-ро қабул намуд. Вохӯрӣ бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 5:3 хотима ёфт.
Капитани тими канадагӣ Коннор Макдэвид дар ин бозӣ ба номаш амалҳои натиҷабахш мӯҳр зад. Умуман дар доираи бозиҳои Лигаи Миллии Хоккей дар ҳисоби ин ҳамлавари машҳур 921 (324+597) хол аст. Макдэвид бо ҳамин аз собиқ ҳамлавари дастони россиягӣ Павел Дасюк, ки 918 (314+604) холҳои натиҷабахш дар ЛМХ дошта буд, пеш гузашт. Павел аз соли 2001 то 2016 дар сафи «Детройт Ред Уингз» баромад мекард.
Мавсими ҷорӣ дар ҳисоби Макдэвиди 27-сола 71 (21+50) хол дар 45 бозиҳои чемпионати мавсимӣ мебошад. Ёдрас мекунем, ки дар бозии баъдӣ «Эдмонтон» дар меҳмонӣ бо «Лос-Анҷелес Кингз» рӯзи 11-уми феврал бозӣ мекунад.