Конор баргашт! Чунин рақобатро ҳеҷ кас интизор набуд

Конор баргашт! Чунин рақобатро ҳеҷ кас интизор набуд

Дар шаҳри Лас-Вегас мусобиқаи муҳорибаҳои омехта – UFC 246 баргузор гардид, ки дар рақобати асосии он Конор Макгрегор ва Доналд Серроне бо ҳам қувва озмуданд.
Аз сонияҳои аввали қувваозмоӣ Конор ба ҳарифи худ дарафтод. Серроне якчанд зарбаи сангин сар дода, мувозинатро гум кард ва аз пой афтод. Дар ҳоле, ки “Ковбой” ҳимоя карда наметавонист, размовари ирландӣ бо якчанд зарбаи дигар ӯро билохира мағлуб кард. Ба Макгрегор барои шикаст додани рақиби худ ҳамагӣ 40 сония зарур шуд.
Конор Макгрегор пас аз моҳи ноябри соли 2016, ки онҷо Эдди Алваресро мағлуб карда буд, аввалин бор ғалаба кард. Серроне бошад ба бохти пайдарпайи сеюмаш дучор шуд. Қаблан ӯ аз Тоне Фергюсон ва Ҷастин Гэтжи мувоҷеҳи шикаст гардида буд.