Конор Макгрегор 1 млн евро барои ғалабаи Испания дар финали Евро-2024 ба даст овард

Конор Макгрегор 1 млн  евро барои ғалабаи Испания  дар финали  Евро-2024 ба даст овард

Собиқ қаҳрамони UFC дар ду вазн Конор Макгрегори ирландӣ гуфт, ки аз пирӯзии тими футболи Испания дар финали Чемпионати Аврупо -2024, 1 миллион евро ба даст овард.

Ёдовар мешавем, ки дар бозии ниҳоӣ тими Испания бар мунтахаби Англия бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.

“Бонк 1 миллион еврои дигар! Испания ғолиби Евро шуд! Як миллион барои зодрӯзи ман! — навиштааст Макгрегор дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter).

Нимаи аввали бозӣ бе ягон гол гузашт. Нико Уилямс дар дақиқаи 47-ум бо паси Ламин Ямал ҳисобро ба фоидаи Испания боз кард. Дар дақиқаи 73-юм нимҳимоятгари англис Коул Палмер аз ҳайати захиравӣ ба майдон омода, ҳисобро баробар кард. Ирсоли головарро Ҷуд Беллингем анҷом дод. Дар дақиқаи 87-ум Микел Оярсабал испаниҳоро боз дар ҳисоб ба пеш баровард. Дар навбати худ, англисҳо натавонистанд бори дуюм мубориза баранд.

Ҳамин тавр, тими миллии Испания ғолиби Евро -2024 шуд. Ин чаҳорумин ҷоизаи қаҳрамонӣ барои тими мунтахаби Испания дар мусобиқаҳои Евро буд. Қаблан, испаниҳо солҳои 1964, 2008 ва 2012 дар Евро ғолиб шуда буданд.