Конте сармураббии “Милан” мешавад!
Собиқ сармурабии дастаи «Ювентус» ва тими мунтахаби Италия Антонио Конте сармураббии бошгоҳи «Милан» мешавад.
Ба иттилои Telelombardia, Конте дар охири мавсим Стефано Пиолиро иваз мекунад.
Қайд карда мешавад, ки мутахассиси итолиёвӣ аллакай шартҳои пешниҳодкардаи роҳбарияти «Россонерҳо»-ро қабул кардааст.
Дастаи охирини Конте «Тоттенҳэм» буд. Итолиёвӣ охири моҳи марти соли гузашта дастаи Лондонро тарк карда буд.