Корҳои сохтмонӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб идома доранд

Корҳои сохтмонӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб идома доранд

Корҳои сохтмонӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб идома дошта, роҳбарияти дастаи “Равшан” талош доранд, ки бозиҳои навбатиро дар доираи рақобатҳои Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё дар майдони худ анҷом диҳанд. Феълан насби чароғакҳо ва дигар корҳои таъмирӣ дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, зимни вохӯрии масъулини ФФТ дар оғози мавсими имсола, бо Раиси шаҳри Кӯлоб, роҳбарият ва сарпарастони дастаи “Равшан” ҷиҳати боз ҳам омода намудани варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб ба бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи Олӣ, бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2023 ва Ҷоми КФО марҳила ба марҳила муҷаҳҳазгардонӣ ва мутобиқгардонии варзишгоҳ ба стандартҳои зарурӣ корҳои назаррас анҷом дода шуда истодааст.

Ин навбат дар Варзишгоҳи Кӯлоб баъди ворид гардидани таҷҳизоти равшанидиҳанда васлу насби онҳо аз ҷониби мутахассисони ватанӣ анҷом ёфта истодааст. Бояд гуфт, ки дар таърихи мавҷудияти дастаи “Равшан” дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб боре ҳам бозиҳои хонагии даста шабона роҳандозӣ нашудаанд ва ҷиҳати бозҳам мутобиқ гардонидани даста, барои бозиҳои шабона айни замон корҳои васлу насби таҷҳизоти равшанидиҳанда ба анҷом расида истодааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки айни замон чаманзори варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб яке аз беҳтарин майдонҳои варзишӣ дар ҷумҳрӣ ба ҳисоб меравад, ки ба хотири ин ҳама созандагиҳо Лигаи футболи Тоҷикистон дар оғози мавсим ба хулосае омад ки финали Ҷоми Тоҷикистонро маҳз дар варзишгоҳи Кӯлоб баргузор намоянд.

Айни замон барои омода намудани варзишгоҳи Кӯлоб ба бозиҳои хонагӣ дар Ҷоми КФО корҳои таъмирию бунёди дар дар қитъаҳои гуногуни иншооти мазкур ба анҷом расида, алакай корҳои васлнамоии курсиҳои нармафзо, таҷҳизоти равшанидиҳанда ва табло барои баргузории бозиҳо дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад. То ба имрӯз аз ҷониби масъулони дастаи “Рашван” ҷиҳати ба роҳ мондани бозиҳои хонагии даста дар ин варзишгоҳ тамоми сайъу кушишҳо рафта истодааст.

Тасмим меравад, ки рӯзҳои наздик баъди пурра омода намудани варзишгоҳ гуруҳи кории КФО ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварда ҷиҳати дар майдони хонагӣ баргузорнамудани Ҷоми КФО комиссияи литсензиякунонӣ кори худро анҷом диҳад. Мухлисону ҳаводорони дастаи “Равшан” бар он назаранд, ки новобаста аз он ки бозиҳои хонагии “Равшан” дар ҷоми КФО имсол дар шаҳри Кӯлоб мегузарад ва ё не алакай варзишгоҳи Кӯлоб ба яке аз зеботарин варзишгоҳҳи ҷумҳурӣ табдил ёфта истодааст ва муосиргардонии иншооти мазкур орзуву ормони чандинсолаи мухлисони футбол яъне баргузор намудани бозиҳои тими мунтахаби Тоҷикистон низ дар шаҳри Кӯлоб амалӣ карда мешавад.

Хушбахтона, барои мухлисоун ҳаводорони футболи шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои атроф дар баробари ин ҳама созандагиҳо роҳбарияти ФФТ тасмим гирифт, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар бунёд намудани академияи “Равшан”-и Кӯлоб майдони сунъии варзишгоҳи марказии шаҳри Душанберо ба ихтиёри дастаи “Рашван”-и Кӯлоб диҳад, ки бунёди майдони иловагӣ дар шафати варзишгоҳи маркзаии шаҳри Кӯлоб алакай оғоз гардида, баъди тахту ҳамвор намудани майдони мазкур рӯзҳои наздик дар ин макон мактаби футболии дастаи “Равшан” ба фаъолият оғоз менамояд.

Ҳоло бошад ба хотири бе мамоният баргузор намудани даври гурӯҳии Ҷоми КФО ва иштироки бобарори дастаи “Равшан” дар ин мусобиқот майдони иловагии дастаи маҳз варзишгоҳи шаҳри Ҳисор интихоб шудааст ва тамоми қувваю нерӯи масъулони дастаи “Равшан” бар он сарф шуда истодааст ки бори нахуст бозиҳои Ҷоми КФО дар яке аз шҳрҳои вилояти Хатлон яъне шаҳри Кӯлоб баргузор шавад.