Корда аз идомаи рақобат даст кашид ва Карен Хачанов ба даври нимниҳоии “Australian Open-2023” баромад

Корда аз идомаи рақобат даст кашид ва Карен Хачанов ба даври нимниҳоии “Australian Open-2023” баромад

Теннисбози рус Карен Хачанов (7:6 (7:5), 6:3, 3:0)  ба даври ниманиҳоии мусобиқоти кушоди Австралия роҳ ёфт. Бозии чорякфинал бо Себастян Кордаи амрикоӣ ба далели сарпечӣ аз идомаи бозӣ ба далели мушкилоти саломатиаш пеш аз мӯҳлат анҷом ёфт.

 Аммо бидуни ин ҳам, Хачанов масъаларо ба пирӯзӣ меовард, зеро Карен дар сетҳо 2:0 ва дар бозиҳо дар сет бо ҳисоби 3:0 пешсаф буд.

Дар даври баъдӣ рақиби Хачанов ғолиби ҷуфти Стефанос Тситсипас ва Ирҷи Лехечка аст.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи кушоди Австралия аз 16 то 28 январ баргузор мешавад. Маблағи умумии ҷоизаи мусобиқа 51 миллион долларро ташкил медиҳад.