Кореягиҳо бозиҳои қоравиро бо пирӯзии бузург оғоз намуданд

Кореягиҳо бозиҳои қоравиро бо пирӯзии бузург оғоз намуданд

Дар нахустин бозии марҳилаи гурӯҳии чоргонаи “С” мунтахаби бонувони Кореяи Ҷанубӣ бар муқобили яккачин аз Ветнам вориди майдон шуда, бо ҳисоби бузурги се бар сифр зафар ёфт.

Дар масири навад дақиқаи бозии мазкур бонувони кореягӣ 25 зарба ҷониби дарвозаи ҳариф равон намуда, ветнамиҳо танҳо як бор имкони зарбазанӣ ҷониби дарвозаи Кореяи Ҷанубӣ имкон пайдо намуданду халос.

Ду голи пирӯзиоварро бошад Чи Союн дар дақиқаҳои 4-ум ва 81-ум (аз пеналтӣ) ба самар расонида, як голи дигар дар дақиқаи 7-ум чун худгол ба номи Тхао навишта шуд.