Кореяи Ҷанубӣ бо ғалаба Ҷоми ҷаҳонии футболро оғоз намуд
Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ дар нахустин бозии худ дар Чемпионати ҷаҳон-2026 бар тими миллии Чехия бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Ин дидор дар доираи бозиҳои гурӯҳи «А» дар варзишгоҳи «Акрон»-и Сапопани Мексика баргузор гардида, довари мисрӣ Амин Умар онро ҳакамӣ кард.
Қисми аввали бозӣ бо ҳисоби мусовии бидуни гол анҷом ёфт. Дар оғози нимаи дуюм мунтахаби Чехия ба задани гол муваффақ шуд. Дар дақиқаи 59-ум ҳимоятгар Ладислав Крейчи ҳисобро боз намуда, дастаи аврупоиро ба пеш баровард.
Бо вуҷуди ин, футболбозони Кореяи Ҷанубӣ зуд вокуниш нишон доданд. Дар дақиқаи 67-ум нимҳимоятгар Хван Ин Бём ҳисобро баробар кард ва умеди дастаашро барои ба даст овардани натиҷаи мусбат зинда нигоҳ дошт.
Дар идомаи бозӣ намояндагони қораи Осиё ҳамлаҳои худро бештар намуда, дар дақиқаи 80-ум тавассути О Ҳён Кю голи дуюмро ба самар расониданд. Ин гол пирӯзии иродавии Кореяи Ҷанубиро таъмин кард.
Пас аз анҷоми даври аввал мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо се имтиёз дар зинаи дуюми ҷадвали гурӯҳи «А» қарор гирифт. Пешсафи гурӯҳ мунтахаби Мексика мебошад, ки дар бозии ифтитоҳӣ Африқои Ҷанубиро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карда буд. Чехия бошад, бидуни имтиёз дар мақоми сеюм ҷойгир шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Чемпионати ҷаҳон-2026 аз 11 июн то 19 июл дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика баргузор мешавад ва бори аввал дар таърих 48 тими миллӣ барои унвони қаҳрамони ҷаҳон мубориза мебаранд.