Кореяи Ҷанубӣ бо ғалаба Ҷоми Осиё (U-20)-ро оғоз кард

Кореяи Ҷанубӣ бо ғалаба Ҷоми Осиё (U-20)-ро оғоз кард

Дар доираи бозиҳои даври якуми марҳилаи гурӯҳӣ дар мусобиқаи Ҷоми Осиё-2025 миёни дастаҳои мунтахаби то 20 сола тимҳои миллии Кореяи Ҷанубӣ ва Сурия ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар шаҳри Шэнчжэн доир шуда, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи Кореяи Ҷанубӣ анҷом ёфт.

Голҳои тими миллии Кореяи Ҷанубиро Шин Сонг дар дақиқаи 8-ум ва Баек Мин-гю дар дақиқаи 23-юм ба самар расониданд. Ягона голи дастаи Сурияро Аланд Абди дар дақиқаи 60-ум марбути исми хеш кард.

Дар бозии дигари гурӯҳ бегоҳии имрӯз дастаҳои мунтахаби Ҷопон ва Таиланд ба ҳам меоянд. Бозии дастаҳо дар шаҳри Шэнчжэн сурат мегирад. Ба ҳамин тартиб, дар гурӯҳи “D” ҳоло Кореяи Ҷанубӣ 3 имтиёз дорад ва Сурия бидуни имтиёз дар зинаи охир аст.

Дар даври дуюм Кореяи Ҷанубӣ бо Таиланд ва Сурия бо Ҷопон рӯзи 17-уми феврал бозӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷоми Осиё -2025 миёни дастаҳои мунтахаби то 20 сола дар Чин аз 12-уми феврал то 1-уми март доир мешавад. Қаҳрамони феълии мусобиқа тими миллии Ӯзбекистон мебошад.

ТВ "Варзиш"