Кори Гауфф ба даври ¼-ниҳоии Уимблдон роҳ ёфт
Теннисбози амрикоӣ Кори Гауфф, ки дар раддабандии ҷаҳонӣ мақоми ҳафтумро ишғол мекунад, ба даври чорякниҳоии мусобиқаи Уимблдон-2026 роҳ ёфт.
Гауфф дар бозии даври чаҳорум бар намояндаи Швейтсария Белинда Бенчич, ки ракеткаи 11-уми ҷаҳон мебошад, бо ҳисоби 4:6, 6:3, 6:4 пирӯз шуд.
Ин вохӯрӣ 2 соату 18 дақиқа идома кард. Дар ҷараёни бозӣ Бенчич як эйс анҷом дода, се хатои дукарата содир намуд ва аз ҳафт имкони брейк-пойнт чаҳортояшро истифода бурд.
Кори Гауфф бошад, чор эйс иҷро карда, нӯҳ хатои дукарата анҷом дод. Ӯ инчунин аз 12 имкони брейк-пойнт панҷтояшро истифода намуд.
Дар даври чорякниҳоӣ рақиби навбатии Кори Гауфф ҳамватанаш Ҷессика Пегула хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи Уимблдон-2026 аз 29 июн оғоз шуда, то 12 июл идома меёбад. Қаҳрамони феълии ин мусобиқа теннисбози лаҳистонӣ Ига Швёнтек мебошад, ки айни ҳол ракеткаи сеюми ҷаҳон аст.