Кори Гауфф ба марҳилаи ҳаштякниҳоии Australian Open — 2025 баромад

Ракеткаи сеюми ҷаҳон Кори Гауффи амрикоӣ ба даври ҳаштякниҳоии мусобиқаи Australian Open — 2025 баромад. Дар даври сеюми мусобиқа Гауфф бо ракеткаи 30-юми ҷаҳон, теннисбози канадагӣ Лейла Фернандес бозӣ кард.
Рақобати теннисбозон рӯи корт 1 соату 17 дақиқа давом карда, бо ҳисоби 6:4, 6:2 ба суди Кори Гауфф анҷом ёфт.
Ҳамакнун, дар даври ҳаштякниҳоии мусобиқа Кори Гауфф бо теннисбози швейтсарӣ Белинда Бенчич бозӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи Australian Open -2025 рӯзи 12-уми январ оғоз шуда, 26-уми январ ба анҷом мерасад. Фонди ҷоизаи ин мусобиқот 59,7 миллион долларро ташкил медиҳад. Қаҳрамони феълии мусобиқа миёни бонувон намояндаи Беларус Арина Соболенко маҳсуб мешавад.