Коронавирус ба «Реал» низ таъсир расонид

Коронавирус ба «Реал» низ таъсир расонид

Роҳбарияти бошгоҳи шоҳонаи “Реал” қарор қабул намудааст, ки бинобар асари хуруҷи вируси корона музди маоши кули футболбозон ва коргарони дастаро кам кунад. Дар айни ҳол “Реал” ба футболбозонаш ду қарор қабул намудааст: агар мавсими 2019/20 идома ёбад, музди маоши футболбозон 12% кам карда мешавад. Дар сурати баргузор нашудани Чемпионати ҷорӣ онгоҳ музди маошашон 20% кам карда мешавад.

Ин қарорро қаблан баскетболбозони дастаи шоҳона пазируфта буданд. Қалан якчанд дастаҳои дигар низ аз кам намудани музди маоши футболбозонашон иттилоъ дода буданд.

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Испания бар асари бемории Covid-19 ба вақти номуайян ба таъхир гузошта шудааст.