Коронавирус Чемпионати Осиё-2020-ро ба таъхир гузошт

Коронавирус Чемпионати Осиё-2020-ро ба таъхир гузошт

Конфедератсияи футболи Осиё қарор кард, ки вобаста ба хуруҷи коронавирус баргузории Чемпионати футзали Осиёро ба давраи номуайян мавқуф гузорад. Мутобиқи нақшаи пешакӣ мусобиқа бояд санаи 26 феврал дар Ашқободи Туркманистон оғоз мешуд. 

Он гуна ки қайд кардем, сабаби ин тасмим як хуруҷи глобалии коронавирус арзёбӣ мешавад. Дар бораи санаи нави баргузории Чемпионати футзали Осиё хабар дода намешавад.

Бояд қайд кард, ки мувофиқи натиҷаи қуръакашии чемпионати Осиё-2020, мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» ҷойгир буд. Рақибони дастаи мо дар гурӯҳ мунтахабҳои миллии футзали Туркманистон, Ветнам ва Уммон мебошанд. Бозии аввалинро дар гурӯҳ футзалбозони Тоҷикистон рӯзи 26 феврал бар муқобили тими миллии футзали Ветнам баргузор мекарданд.

Аз рӯи натоиҷи ҷамъбасти марҳилаи ниҳоии Чемпионати футзали Осиё 5 дастаи беҳтарин роҳхати ширкат дар Ҷоми Ҷаҳон оид ба футзалро, ки аз 12 сентябр то 4 октябри соли 2020 дар давлати Литва баргузор мешавад, пайдо мекунанд. 

Чемпионати футзали Осиё-2020 :

Гурӯҳи «А»: Туркманистон, Ветнам, ТОҶИКИСТОН, Уммон.

Гурӯҳи «B»: Япония, Лубнон, Қирғизистон, Кувайт.

Гурӯҳи «C»: Ӯзбекистон, Баҳрайн, Чин, Индонезия.

Гурӯҳи «D»: Эрон, Таиланд, Куриёи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ.