Корти сурхи Видал ва пирӯзии "гаразмониҳо" дар "Сан-Сиро"

Корти сурхи Видал ва пирӯзии "гаразмониҳо" дар "Сан-Сиро"

Дар доираи бозиҳои даври чаҳоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳои Аврупо, дар гурӯҳи "В" дастаи "Интер-и Италия бо бошгоҳи "Реал Мадрид"-и Испания рақобат намуд. Набарди дастаҳо дар майдони "Сан-Сиро"-и шаҳри Милан баргузор гардиа, бо ҳисоби 0:2 ба фоидаи "Реал" анҷом ёфт. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 7-уми рақобат пас аз он, ки довар ҷониби дарвозаи мизбонон пеналтӣ таъйин намуд, Эден Азар боз кард. Дар дақиқаи 33-юм футболбози дастаи "Интер" – Артуро Видал бо гирифтани баргаи зарди дуюм аз майдон хориҷ карда шуд. Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 0:1 ба поён расид. Дар қисмати дуюми бозӣ, аниқтараш, дар дақиқаи 59-ум ҳимоятгари итолиёвиҳо – Ашраф Ҳакими ба дарвозаи дастаи худ гол зада, автоголро ба номаш сабт кард. Ҳамин тавр, бозӣ бо ҳисоби 0:2 бо ғалабаи шогирдони Зинедин Зидан ба охир расид. Баъди ин ғалаба "мадридиҳо" 7 имтиёз ба даст оварда, ба зинаи дуюми ҷадвали гурӯҳ баромаданд. Дастаи "Интер" бошад, бо доштани 2 имтиёз дар мавқеъи охирин ҷой гирифтааст.