Костюк номашро дар таърихи WIMBLEDON сабт намуд

Костюк номашро дар таърихи  WIMBLEDON сабт намуд

Ракеткаи дуюми Украина соҳиби дастоварди боварнокарданӣ шуд ва номи хешро дар таърихи Wimbledon сабт намуд.

Теннисбози №36-и раддабандии WTA аз Украина Марта Костюк сеюмин теннисбозе   аз соли 1968 гардид, ки бо вуҷуди бохти бузург бо ҳисоби 0:6 аз намояндаи топ-10-и раддабандии ҷаҳонӣ-Мария Саккари дар сети аввал ба пирӯзӣ расида тавонист.

Бори ахир чунин дастовард ба Синобу Асагоэи ҷопонӣ соли 2003 насиб гардида буд, замоне, ки бар Даниэла Хантуховаи словакӣ зафар ёфт.

Чунин дастовардро ҳамчунин Сандрин Тестюи фаронсавӣ дар номаш дорад. Ӯ соли 1997 Моника Селеши дастон аз Амрикоро мағлуб намуда буд.

Ёдрас мекунем, ки дар даври аввали Wimbledon Костюк Мария Саккари юнонӣ (№8-и WTA)-ро ноком кард. Марта бори нахуст дар маснади варзишии хеш ҳарифаш аз даҳгонаи аввали раддабандии WTA-ро мағлуб кард.