Кот-д’Ивуар бо голи Амад Диалло Эквадорро шикаст дод

Кот-д’Ивуар бо голи Амад Диалло  Эквадорро шикаст дод

Субҳи имрӯз, бозии даври аввали гурӯҳи “Е”-и Чемпионати ҷаҳон-2026 миёни мунтахабҳои Кот-д’Ивуар ва Эквадор баргузор шуда, бо пирӯзии намояндагони қораи Африқо анҷом ёфт.

Вохӯрӣ дар шаҳри Филаделфияи иёлати Пенсилванияи ИМА доир гардида, тақдири бозӣ танҳо дар лаҳзаҳои охир ҳал шуд. Қаҳрамони дидор нимҳимоятгари дастаи Кот-д’Ивуар Амад Диалло гардид, ки дар дақиқаи 90-ум голи ғалабаоварро ба самар расонид. Дар дақиқаи 56-уми бозӣ Амад Диалло дар хати ҳамла ба ҷойи Базумана Туре ворид майдон шуда буд.

Ҳамин тариқ, мунтахаби Кот-д’Ивуар мусобиқаи ҷаҳониро бо се имтиёзи муҳим оғоз намуда, дар гурӯҳи худ мавқеи дуюмро касб кард. Эквадор бошад, пас аз ин шикаст бидуни имтиёз монд. Тими мунтахаби Олмон, ки бо ҳисоби 7 бар 1 Кюрасаоро шикаст дод, садрнишини гурӯҳ аст.

Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ Кот-д’Ивуарро санҷиши ҷиддӣ интизор аст. Дастаи африқоӣ рӯзи 20 июн бо мунтахаби пурқуввати Олмон рӯбарӯ мешавад. Эквадор бошад, рӯзи 21 июн бо мунтахаби Кюрасао рақобат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати ҷаҳон-2026 аз 11 июн то 19 июл дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика баргузор мешавад ва бори аввал дар таърих 48 тими миллӣ барои унвони қаҳрамони ҷаҳон мубориза мебаранд.