Криштиану Роналду 25 %-и саҳмияҳои “Алмерия”-ро харидорӣ кард

Криштиану Роналду 25 %-и  саҳмияҳои “Алмерия”-ро харидорӣ кард

Ҳамлагари бошгоҳи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ — Криштиану Роналду 25 дарсади саҳмияҳои тими “Алмерия”-и Испанияро харидорӣ намуд.

"Алмерия" дар дивизиони сатҳи дуюм бозӣ мекунад ва ҳадафи баромадан ба Ла Лигаро дорад.

“Ман ҳамеша талош доштам, ки ба футбол на танҳо дар майдон, балки берун аз он низ саҳм гузорам. “Алмерия” бошгоҳест, ки заминаи хуб дорад ва метавонад боз ҳам рушд кунад. Ман хеле хушҳолам, ки имкони ҳамкорӣ бо роҳбарияти клубро дорам, то марҳилаи нави рушди онро дастгирӣ намоем”, — иқтибос меорад аз суханони футболбози 41-солаи португалӣ нашрияи AS.

Созишнома тавассути ширкати CR7 Sports Investments амалӣ гардидааст, ки воҳиди фаръии CR7 SA буда, махсус барои муттаҳидсозӣ ва идоракунии сармоягузориҳои Криштиану дар бахши варзиш таъсис дода шудааст.

“Мо хеле хушҳолем, ки Криштиану барои сармоягузорӣ маҳз клуби моро интихоб кард. Ӯ беҳтарин бозигари ҳамаи давру замонҳо дониста мешавад, лигаҳои Испанияро хуб мешиносад ва иқтидори лоиҳаеро, ки мо дар самти даста ва академия месозем, дарк мекунад”, — изҳор дошт президенти “Алмерия” - Моҳамед Ал-Херейҷи.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло Криштиану Роналду 965 гол дар корномаи футболбозӣ ба самар расонида, беҳтарин нишонзан дар таърихи футбол мебошад.