Криштиану Роналду 41-сола шуд
Ҳамлагари мунтахаби Португалия ва бошгоҳи «Ал-Наср» — Криштиану Роналду ба синни 41-солагӣ расид. Криштиану Роналду 5 феврали соли 1985 дар шаҳри Фуншали Португалия ба дунё омада, имрӯз ба яке аз бузургтарин чеҳраҳои таърихи футбол табдил ёфтааст.
Айни ҳол футболбоз дар тӯли фаъолияти касбии худ 961 гол ба самар расондааст. Аз ин шумора 818 гол дар сатҳи бошгоҳ ва 143 гол дар ҳайати мунтахаби миллии Португалия зада шудаанд.
Дар давоми корномааш Роналду дар дастаҳои «Спортинг», «Манчестер Юнайтед», «Реал Мадрид», «Ювентус» ва «Ал-Наср» бозӣ кардааст. Бештарин бозиро ӯ дар ҳайати «бошгоҳи шоҳона» анҷом дода, дар 438 вохӯрӣ дар ҳамаи мусобиқаҳо иштирок намуда, 450 гол зада ва 131 паси головар анҷом додааст.
Футболбози 41-сола дар фаъолияти худ панҷ маротиба соҳиби ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» гардида, ҳамчунин панҷ маротиба ғолиби Лигаи қаҳрамонҳо шудааст. Соли 2016 бошад, Роналду ҳамроҳ бо мунтахаби Португалия қаҳрамони Аврупо гардид.
Бо дастовардҳои нотакрор ва рекордҳои бешумор, Роналду номи худро дар саҳифаҳои тиллоии футболи ҷаҳон ҷовидона сабт кардааст.
