Криштиану Роналду ба хабари марги фоҷиавии Диогу Жота вокуниш нишон дод

Футболбози маъруфи португалӣ Криштиану Роналду ба хабари вафоти ҳамлагари “Ливерпул” ва мунтахаби Португалия Диогу Жота ва бародараш — бозигари дастаи португалии “Пенафиел” Андре Силва вокуниш нишон дод. Футболбозон дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар Испания фавтиданд. Жота 28-сола ва Силва 25-сола буданд.
Криштиану Роналду дар шабакаҳои иҷтимоии худ чунин навишт:
“Ин ғайри қобили бовар аст... Чанд рӯз пеш мо якҷо дар ҳайати мунтахаб будем, ҳоло шумо нав издивоҷ кардед... Ба хонаводаатон, ба ҳамсаронатон ва фарзандонатон тасаллият баён мекунам, барояшон қувват орзумандам. Медонам, ки шумо ҳамеша бо онҳо хоҳед буд. Ором хоб кунед, Диогу ва Андре. Мо ҳама шуморо пазмон мешавем.”
Ёдовар мешавем, ки пас аз марги нобаҳангоми Жота ҳоло ҳама ҷомеи футболи аз хотираи некӣ ӯ ёдовар шуда, изҳори тасаллӣ баён мекунанд.