Криштиану Роналду боз ҷароҳат бардошт

Криштиану Роналду боз ҷароҳат бардошт

Сармураббии дастаи “Ювентус” - Андреа Пирло гуфт, ки ҳамлагар Криштиану Роналду бо сабаби осеб бардоштанаш дар бозии даври 31-уми Серияи А бар муқобили “Аталанта” ширкат намекунад.

«Мо талафоти ҷиддӣ дорем. Криштиану бо сабаби осеби бардоштааш дар бозӣ бо “Аталанта” ширкат намекунад. Ба Бергамо бурдани ӯ барои мо хеле хатарнок аст. Умедворем, ки Криштиану то рӯзи чоршанбе ба майдон бармегардад», — иқтибос меорад Football Italia аз суханони Андреа Пирло.

Ёдовар мешавем, ки бозӣ байни дастаҳои «Аталанта» ва «Ювентус» 18 апрел сурат мегирад.