Криштиану Роналду таъминкунанди пирӯзиҳои «Ювентус»

Криштиану Роналду таъминкунанди пирӯзиҳои «Ювентус»

Дар бозии даври 23-юми Чемпионати Италия дастаи «Ювентус» дар хонааш бо тими «Кротоне» рақобат кард. Набарди дастаҳо дар «Алянс — Ювентус» доир шуда, бо натиҷаи 3:0 ба суди туриниҳо хотима ёфт. Мизбонон рақобатро аъло оғоз намуда, дар дақиқаи 38-ум бо голи задани Криштиану Роналду ба пеш баромаданд. Дар дақиқаи 45+1 бошад, Криштиану Роналду натиҷаро 2:0 кард. Дар дақиқаи 66-ум ниммуҳофизатгари амрикоии “Юве” - Уэстон Маккенни бо голи задааш дар бозӣ нуқтаи ниҳоӣ гузошт. Баъди ин пирӯзӣ «Ювентус» бо дарёфти 45 имтиёз ба зинаи 3-юми ҷадвал баромад.

Чемпионати Италия. Серия А. Даври 23-юм

«Ювентус» — «Кротоне» — 3:0 (2:0)

Голҳо: Криштиану Роналду, 38 (1:0). Криштиану Роналду, 45+1 (2:0). Маккенни, 66 (3:0).

«Ювентус»: Буффон, Данилу, Алекс Сандру (Фработта, 86), де Лигт, Мерих Демирал, Рэмси (Мората, 76), Маккенни, Бентанкур (Фаджоли, 70), Криштиану Роналду, Кйеза (Ди Пардо, 86), Кулушевски (Бернардески, 76).

«Кротоне»: Кордас, Магалян, Луперто (Марроне, 46), Педру Перейра, Големич, Ретса (Рисполи, 67), Молина (Дзанеллато, 71), Вулич, Ди Кармине (Ривьер, 77), Унас (Сими, 72), Мессиас.