Кристиан Эриксен дар бозии дӯстона муқобили Украина аз ҳуш рафт
Дар бозии дӯстонаи мунтахабҳои Дания ва Украина, ки дар шаҳри Оденсеи Дания баргузор гардид, ҳодисаи нигаронкунанда ба қайд гирифта шуд. Нимҳимоятгари мунтахаби Дания ва бошгоҳи “Волфсбург”Кристиан Эриксен дар нимаи дуюми вохӯрӣ ногаҳон дар майдон аз ҳуш рафт.
Тибқи маълумоти расонаҳо, футболбози 34-сола бидуни ягон бархӯрд ё сабаби намоён ба рӯи майдон афтод. Баъди ин кормандони тиб фавран ба майдон ворид шуда, ба ӯ кумаки аввалия расониданд. Ҳамчунин футболбозони ҳарду даста гирди Эриксен ҷамъ омада, барои ҳифзи фазои ором ва мусоид ба кори табибон мусоидат карданд.
Пас аз рух додани ин ҳодиса бозӣ муваққатан қатъ гардид ва вазъи футболбоз таҳти назорати табибон қарор гирифт.
Ин аввалин чунин ҳодиса дар фаъолияти Эриксен нест. Дар ҷараёни бозии Чемпионати Аврупо-2020 байни мунтахабҳои Дания ва Финландия низ ӯ дар майдон аз ҳуш рафта буд. Он замон дар қалби футболбоз бозистии ногаҳонии дил ба амал омада, табибон ҳаёти ӯро наҷот доданд. Баъдан ба Эриксен дастгоҳи махсуси танзимкунандаи кори дил насб карда шуд.
Бо вуҷуди мушкилиҳои ҷиддии саломатӣ, Кристиан Эриксен баъди шаш моҳи табобат ва барқароршавӣ дубора ба футболи касбӣ баргашт ва фаъолияти варзишии худро идома дод.
Табиби мунтахаби Дания Мортен Боэсен пас аз ҳодисаи аз ҳуш рафтани нимҳимоятгари 34-солаи даста Кристиан Эриксен дар бозии дӯстона муқобили мунтахаби Украина изҳороти расмӣ анҷом дод.
“Кристиан худро хуб ҳис мекунад ва тавонист мустақилона майдонро тарк кунад. То ҷое ки ман мебинам, кардиостимулятор маҳз ҳамон тавре фаъолият кард, ки бояд мекард. Ӯ барои муддати хеле кӯтоҳ аз ҳуш рафт, аммо зуд ба худ омад ва мо фавран бо ӯ дар тамос шудем.
Ҳоло Кристиан барои гузаштани ташхисҳои иловагӣ ба беморхона интиқол дода шудааст, то сабаби аслии ин ҳодиса муайян карда шавад. Мо пайваста бо ӯ ва табибони беморхона дар иртибот ҳастем.
Муҳимтар аз ҳама, Кристиан худро хуб ҳис мекунад. Ӯ аз ман хоҳиш кард, ки ба ҳамаи бозигарон салом расонам ва бигӯям, ки вазъияташ хуб аст ва ҳоло ҳама чиз таҳти назорат қарор дорад”, — гуфтааст Мортен Боэсен.
Тибқи маълумоти охирин, вазъи саломатии Эриксен мӯътадил буда, табибон таҳқиқоти иловагиро идома медиҳанд.