Кристоф Галтйе сармураббии ҷадиди “ПСЖ” мешавад
Кристоф Галтйе сармураббии нави дастаи “ПСЖ” таъин карда мешавад. Мутахассиси фаронсавӣ аз бошгоҳи “Нитса” ба “ПСЖ” меояд.
Ба иттилои манбаъ, бозигарони “ПСЖ”-ро аллакай баъд аз таътил Кристоф Галтйе тамрин медиҳад. Бошгоҳи шаҳри Париж ният дорад барои мураббии «Нитса» - Кристоф Галтйе ба маблағи 10 миллион евро ҷуброн пардохт кунад, то ӯ сармурабби тим шавад.
Ба гуфтаи манбаъ, тартиби расмии барканории Почеттино бояд рӯзи 23-юми июн сурат гирад. Парижиҳо ба мураббии аргентинӣ барои қабл аз анҷоми мӯҳлати қарордод қатъ кардани ҳамкорӣ 15 миллион евро товон пардохт мекунад.