Кудиев аз гӯштингири арманӣ дар ЧҶ мағлуб шуд

Кудиев аз гӯштингири арманӣ дар ЧҶ   мағлуб шуд

Имрӯз дар рӯзи сеюми Чемпионати Ҷаҳон оид ба гӯштини тарзи озод дар вазни то 65 кг паҳлавони тоҷик Абдулмаҷид Кудиев дар даври аввал бо ҳисоби 6 бар 2 муқобили варзишгари Фаронса – Арсамерзуев зафар ёфта, ба даври дуюм баромад.

Дар даври дуюм Абдумаҷид Кудиев бар намояндаи Куба - Тобие Волдес бо ҳисоби 6-2 зафар ёфта, ба даври сеюм роҳ ёфт.

Дар даври ҳаштякниҳоӣ Кудиев аз гӯштингири арманӣ Теванян бо ҳисоби 6-8 мағлуб шуд ва дар сурати ба финал роҳ ёфтани рақиб ба даври тасаллобахш меравад. Дар ин рақобат Кудиев имкони хубӣ ғалаба карданро дошт, лек дар сонияҳои охири рақобат Теванян фаъол шуд ва чанд имтиёзи дигарро соҳиб шуд ва музаффарият ба даст овард.

Мустафо Ахмедов, Шуҳрат Бозоров ва Магомед Евлоев дигар варзишгарони тоҷик аз риштаи гӯштини тарзи озод мувоҷеҳи шикаст шуда, аз идомаи мусобиқа бенасиб монданд. Аз миёни варзишгарони тоҷик аз гӯштини тарзи озод танҳо Кудиев имкони соҳиб шудани медалро дар Чемпионати Ҷаҳон дорад, ба шарте дар рақобатҳои боқимонда пирӯз шавад.

Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 22-юми сентябр намояндагони дигари Тоҷикистон аз риштаи гӯштини юнону румӣ Асламҷон Азизов зери вазни 60 кг ва 23-юми сентябр Фирӯз Мирзораҷабов зери вазни то 67 кг муаррифӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқа то 24-уми сентябр баргузор мегардад. Телевизиони “Варзиш” ба таври мустақим пахши мусобиқаро ба роҳ мондааст.