Кудиев барандаи медали нуқраи Бозиҳои Осиёӣ-2026
Паҳлавони тоҷик Абдулмаҷид Кудиев (65 кг) аз риштаи гӯштини тарзи озод дар Бозиҳои Осиёӣ -2026 ба гирифтани медали нуқра шарафёб гардид. Ин медали панҷуми нуқраи Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аст.
Кудиев дар рақобати аввал намояндаи Қазоқистон - Начюн Кууларро бо ҳисоби 13:2 шикаст дода, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт.
Дар ин марҳила паҳлавони кишвари мо бо ҳисоби 11:0 намояндаи Арабистони Саудӣ - Абдулатиф Муҳаммадро мағлуб карда, ба марҳилаи нимниҳоӣ расид.
Кудиев дар даври нимниҳоӣ бо ҳисоби 11:0 Кванг Ҷин Ким аз Кореяи Шимолиро шикаст дода, ба финал баромад. Дар финал Абдулмаҷид Кудиев бо Суҷит Суҷит аз Ҳиндустон гӯштин гирифта, дар сонияҳои охир бо ҳисоби 10:9 мувоҷеҳи шикаст гардид.
Қобили зикр аст, ки корвони варзишии Тоҷикистон то имрӯз дар мусобиқаи мазкур соҳиби 2 медали тилло, 5 нуқра ва 7 медали биринҷӣ шудааст. Бо чунин натиҷа Тоҷикистон дар ҷадвали медалҳо зинаи 20-умро ишғол мекунад.
Ёдовар мешавем, ки медалҳои тиллоро аз намуди санъати муҳорибаҳои омехта Мирзобек Умаров (60 кг), Отабек Раҷабов (65 кг), медалҳои нуқраро Беҳрӯз Хуршедзода (71 кг) аз риштаи санъати муҳорибаҳои омехта, Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) аз намуди ҷудо, Абдулмаҷид Кудиев (65 кг) аз риштаи гӯштини тарзи озод, Шакармамад Мирмамадов (+90 кг) бо Ёсин Бобокалонов (-66 кг) аз намуди кураш ва медалҳои биринҷиро Махсатулло Муъминов (55 кг) аз риштаи карате-до WKF, Акмал Убайдов (60 кг) бо Парвиз Каримов (90 кг) аз намуди бокс , Сарвар Абдушукуров (-66 кг) аз риштаи кураш ва Аҳлия Муъминова (-48 кг), Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг), Абубакр Шеров (-81 кг) аз намуди ҷудо соҳиб шуданд.
Мавриди зикр аст, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо иштирок намуда, то ҳоло 48 медал гирифтааст, ки 8 медали тилло, 12 медали нуқра ва 28 медали биринҷӣ мебошад.