Куман: “Англия метавонад, ки Испанияро дар финали Евро-2024 боздорад!”

Куман: “Англия метавонад, ки Испанияро дар финали Евро-2024  боздорад!”

Сармураббии тими милии Нидерданд Роналд Куман ироа дошт, ки тими милии Англия метавонад, ки дар финали Евро -2024 муқобили Испания пирӯз шавад. Дар марҳилаи нимниҳоӣ Англия бо ҳисоби 2 бар 1 муқобили Нидерланл зафар ёфта буд.

"Ин футбол аст. Агар шумо тамоми бозиҳои тими миллии Испанияро тамошо кунед, онҳо тавассути канорҳо ва дур кардани тӯб аз ҳимоятгарон як дастаи ҳуҷумкунандатаранд ва рақиб бояд инро безарар созад.

Аммо Англия дар финал аст ва имкони ғолиб шуданро дорад. Эҳтимол, онҳо ҳамчун ночизҳо дида мешаванд, зеро Испания дар сатҳи баланд бозӣ мекунад, аммо Англия метавонад онҳоро боздорад, чаро не."

Ёдовар мешавем, ки дар финали Евро -2024 мунтахабҳои Англия ва Испания рӯзи 14-уми июл соати 23:50 дақиқа ба вақти Душанбе доир мешавад.