Куман аз мақомаш барканор мешавад, агар...

Куман аз мақомаш барканор мешавад, агар...

Сармураббии дастаи “Барселона” - Роналд Куман эҳтимол аст, ки моҳи октябр аз мақомаш барканор шавад.

Дар моҳи сентябр каталониҳо чор бозӣ бо дастаҳои «Гранада», «Кадис», «Леванте» дар доираи Ла Лига ва бо «Бенфика» дар Лигаи чемпионҳо баргузор мекунанд. Агар дар бозиҳои мазкур даста ба муваффақият ноил нашавад, пас Жоан Лапорта мутахассиси ҳолландиро аз курсии сармураббигии дастаи “Барса” хориҷ мекунад. Ба маълумоти Deportes Cuatro президенти “Барса” Лапорта дар бозӣ бо «Бавария» аз сармураббӣ изҳори норозигӣ намудааст.