Куман мушкилӣ дорад: Қариб ҳамаи ҳамлаварон осеб доранд

Куман мушкилӣ дорад: Қариб ҳамаи ҳамлаварон осеб доранд

Дар ихтиёри сармураббии “Барселона” қариб ягон ҳамлавар боқӣ намондааст. Шояд ин барои ҳолландӣ дар бозӣ бо “Бавария” мушкилии бузург эҷод кунад.

Бовар кардан душвор аст, ки ҳоло “Барселона” дар чунин ҳолат қарор дорад. Ҳатто аз даст додани Мартин Брейтуэйт боиси нигаронии ҷиддии мухлисони “нилунориҳо” гардидааст. Дар бозӣ бо “Хетафе” (2:1) даниягӣ зонуашро захмӣ кард ва дар тӯли 3-4 моҳ дар майдон баромада наметавонад. Акнун Брейтуэйт дар беморхонаи Каталония дигар бозигарони ҳуҷумкунандаҳо Ансу Фати, Серхио Агуэро ва Усман Дембелеро ҳамроҳӣ мекунад. Дар тобистони соли ҷорӣ “Барса”, бинобар мушкилоти молиявӣ, аз Антуан Гризманн ҷудо шуд. Ҳамин тавр, ҳоло Роналд Куман танҳо метавонем ба ҷавононе мисли Нико Гонсалес, Юсуф Дамир ва дигарон умед бандад.

Нақшаи В? Ё чун ҳарвақта А?

Ҳолландӣ аз “Севиля” ба иҷора омад, ки Брейтуэйт ҷароҳати ҷиддӣ бардошта, муддати 3-4 моҳ аз майдон дур шуд. Ҳоло акнун Де Йонги 31 сола тасаввур карда наметавонад, ки дар хати ҳамла ивазкунанда надорад.

Люк де Йонг дар мусоҳибае чунин гуфта буд:

- Медонам, ки ман дар ҳамаи бозиҳо ба майдон намеоям. Фикр мекунам, ки “Барса” маро барои нақшаи B, ба иҷора гирифтааст. Ман дар хати ҳамла хуб бозӣ мекунам. Омодаам, ки дар ҳар бозӣ ба “Барса” иқбол орам. “Барселона” ин бештар аз даста аст!