Куман оиди таваҷҷуҳи даста нисбати Ҳоланд фикри худро баён кард

Куман оиди таваҷҷуҳи даста нисбати Ҳоланд фикри худро баён кард

Сармураббии “Барселона” Роналд Куман оиди ҳавасмандии дастаи каталонӣ нисбати ҳамлагари “Боруссия” - Эрлинг Ҳоланд фикри худро баён кард. Ӯ ба саволи журналист дар нашрияи матбуотӣ чунин ҷавоб дод:

“Оиди ояндаи даста ман ақидаҳои худро дорам, аммо бояд интизор шавам, ки кай интихоботи президент баргузор мегардад. Сипас ман метавонад бо роҳбари даста сари як миз нишаста оиди трансферҳои оянда маслиҳат кунам”. Хотиррасон мекунем, ки интихоботи президенти “Барселона” 7-уми март баргузор мегардад.