Куман: «VAR моро мағлуб кард на “Реал”»

Куман: «VAR моро мағлуб кард на “Реал”»

Сармураббии бошгоҳи “Барселона” – Роналд Куман фикру ақидаи хешро перомуни бозии даври 7-уми Ла Лига байни дастаҳои “Барса” ва “Реал” (1:3) чунин баён кард.

Довар Хуан Мартинес Мунуэра ҳангоми доштани пероҳани Серхио Рамос аз ҷониби Лангле ба дарвозаи “Барса” пеналти таъйин кард.

«Мо бозии хуб нишон додем ва ҳолатҳои голзанӣ созмон додем. Дар қисми дуюми бозӣ низ хуб рақобат намудем. Ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки мо сазовори чунин бохт набудем. Баъзан ҳукмҳои баровардаи довар барои ман нофаҳмо мебошад. Қарор дар бораи таъйин намудани пеналти ба натиҷаи ниҳоии бозӣ сахт таъсир кард. То пеналти мо хуб бозӣ доштем.

-  Дар бораи пеналти гӯед?

Он ҳолатро бисёр такрор намуданд. Ман ВАР-ро намефаҳмам. Фикр мекунам, ки дар ҳақиқат ВАР бар зидди “Барселона” баромад. Дар ҷаримагоҳ ҳамеша занозанӣ мавҷуд аст. Мо панҷ бозӣ доир кардаем, ки дар ягон вохӯрӣ ҳукм ба ҷонибдории мо бароварда нашудааст. Дар бозӣ “Севиля”, “Хетафе”... Мо сазовори чунин бохтҳо нестем.

- Доир ба довари бозӣ чӣ гуфтанӣ ҳастед?

- «Дар ҳақиқат он пеналти буд? Хуб барои ман не. Ман низ ба ӯ гуфтам, ки рӯзе мерасд, ки худат дарк мекуни чӣ гуна ВАР дар Испания кор мекунад. Мо панҷ давр бозӣ намудем, ки дар ҳақиқат ВАР бар муқобили “Барса” буд.

Боре бар нафъи мо нашуд. Дар бозӣ бар зидди “Севиля” бояд, ки пеналти мебуд, дар бозӣ бо “Хетафе” ду корти сурх мебуд ман намефаҳмам, ки чаро доим ВАР муқобили мо аст. Ман аз онҳо мепурсам, ки чаро фақат ВАР бар зидди мо кор мекунад», – гуфт Куман.