Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ Лондонро аз ҳаққи баргузории сабқатҳои интихобии олимпӣ маҳрум кард
Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) шаҳри Лондонро аз рӯйхати номзадҳо баҳри баргузории сабқатҳои интихобии Бозиҳои олимпии Париж-2024 маҳрум кард. Чунин қарор ба хотири мавқеи сиёсатмадорони британӣ нисбати варзишгарони Россия ва Белоруссия қбаул карда шуд. Дар ин бора Inside the Games хабар медиҳад.
Ҳукумати Британияи Кабир изҳор намуд, ки россиягиҳо ва белорусҳо метавонанд дар ҳудуди кишвар танҳо дар сурате бошанд, ки агар онҳо эъломия оиди бетарафиро имзо кунанд ва президенти Россия Владимир Путинро дастгирӣ накунанд.
Қобили қайд аст, ки дар пойтахти Британияи Кабир бояд, ки мусобиқаҳои интихобӣ оиди брейкинг, скейтбординг, кӯҳнавардии варзишӣ ва фристайли BMX баргузор мешуданд, аммо ахиран КБО номзадии мизбонии шаҳри марказии британиро рад кард.
Пештар КБО ҳукумати чанде аз кишварҳои аврупоиро дар стандарти дугона айбдор карда буд, дар ҳоле, ки дар мавриди иштироки варзишгароне, ки кишварҳояшон дар муноқишаҳои дигари ҳарбӣ иштирок доранд, тавзеҳот оиди муносибати ин кишварҳоро дастрас карда натавонист.