Кумитаи байналмилалии олимпӣ самборо пазируфт

Кумитаи байналмилалии олимпӣ самборо пазируфт

Кумитаи байналмилалии олимпӣ (IOC) Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS)-ро ба таври доимӣ пазируфт. Ин тасмим дар иҷлосияи IOC, ки 20-уми июл дар Токиои Ҷопон дар арафаи оғози Бозиҳои олимпӣ баргузор шуд, гирифта шуд. Дар ин бора сомонаи расмии FIAS хабар медиҳад. Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар як ҷаласа дар Токио ба ғайр аз Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS), ба тарафдории эътирофи боз панҷ федератсияи байналмилалии варзишӣ овоз дод: Иттиҳоди байналмилалии черлидинг (ICU), Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои муай-тай (IFMA), Федератсияи байналмилалии айсштокспорт (IFI), Ассотсиатсияи умумиҷаҳонии ташкилотҳои кикбоксинг (WAKO), Федератсияи умумиҷаҳонии лакросс (WL).