Кумитаи тартибу интизоми ФФТ нисбати бозии "Хатлон" - "Куктош" қарорашро баровард

Кумитаи тартибу интизоми ФФТ нисбати бозии "Хатлон" - "Куктош" қарорашро баровард

Дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи тартибу интизом зери роҳбарии Тоҳир Нурзода баргузор гардид, ки дар он вобаста ба бозӣ миёни дастаҳои "Хатлон" ва "Куктош" дар доираи марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2020 қарор содир гардид.

   - Барои вайрон намудани моддаи V-и Низомномаи мусобиқа барои дарёфти Ҷоми ФФТ ба бозӣ миёни дастаҳои "Хатлон" - "Куктош", ки санаи 21-уми феврали соли равон баргузор гардида буд, ба дастаи "Хатлон" қарори мағлубият бо ҳисоби 0:3 содир гардид.

Бо назардошти қарори Кумитаи тартибу интизоми ФФТ ҷадвали гурӯҳи "Б", ки бошгоҳҳои "Хатлон" ва "Куктош" шомили он мебошанд, чунин шакл пайдо кард. 

 

ГУРӮҲИ «Б»

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

 «Куктош»

2  

0

0

4-0

6

2

«Душанбе-83»

2

1

0

1

2-2

3

3

«Хатлон»

2

1

0

1

3-4

3

4

«Эсхата»

2

0

0

2

2-5

0


Манбаъhttps://tfl.tj/tj/