Кюрасао хурдтарин ва камаҳолитарин кишвар аст, ки ба ҶҶ-2026 роҳхат гирифт

Кюрасао хурдтарин ва камаҳолитарин кишвар аст, ки ба ҶҶ-2026 роҳхат гирифт

Тими мунтахаби Кюрасао ба Ҷоми ҷаҳонии футболи соли 2026 роҳ ёфт ва хурдтарин кишваре шуд, ки дар ин мусобиқа ширкат мекунад.

Даста таҳти роҳбарии мутахассиси нидерландӣ Дик Адвокат роҳхатро ба Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 ба даст овард. Кюрасао бозии охирини марҳилаи гурӯҳии интихобии Амрикои Шимолиро бо Ямайка бо ҳисоби 0 бар 0 мусовӣ анҷом дод. Ҳамин тавр, бо 12 имтиёз дастаи Кюрасао дар гурӯҳи “B” ҷои аввалро гирифт ва мустақиман ба Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 роҳ ёфт.

Кюрасао кишвари камаҳолитарин дар таърих шуд, ки ба Ҷоми ҷаҳонии футбол роҳ ёфт. Тибқи рейтинги Worldometer, аҳолии кишвар 185,487 нафарро ташкил медиҳад ва дар ҷаҳон дар ҷои 189-ум қарор дорад.

Кишвари хурдтарини қаблӣ Исландия (398,266) буд, ки дар Ҷоми ҷаҳонии соли 2018 ширкат варзида буд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 аз 11-уми июн то 19-уми июл дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика баргузор мешавад. Бори аввал дар таърих 48 даста дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2026 ширкат мекунад. Аргентина қаҳрамони феълӣ аст.