#ElCLasicoTajikistan

#ElCLasicoTajikistan

Бори аввал дар таърихи шабакаҳои телевизионии кишвар, намояндаҳои Ла Лига барои мухлисони тоҷик иқдом мекунанд. Маврид ба ёдоварист, ки санаи 1-уми марти соли ҷорӣ соати 01:00 бузургтарин бозии сайёра байни дастаҳои “Реал Мадрид” ва “Барселона” бо иштироки намояндаҳои Ла Лига дар шаҳри Душанбе анқитараш дар “Кохи Суруш” баргузор мешавад. Инчунин Ла Лига бори аввал барои мухлисони тоҷик овеза (банер)-и расмии Эл-Класикоро бо хештеги #ElCLasicoTajikistan омода кард. Ла Лига, ки яке аз бузургтарин Чемпионатҳо дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад, дар саҳифаҳои иҷтимоӣ ба монанди Фейсбук (зиёда аз 60 млн обуначӣ), Инстаграм (26 млн обуначӣ) ва Твиттер (4,8 млн обуначӣ) дорад. Минбаъд овезаҳои омоданамудаи Ла Лига барои мухлисони тоҷик дар саҳифаҳояшон гузошта мешаванд.

Дар ҳамкорӣ бо ширкати “Сиёма” рӯзи якуми март Эл-Класико дар “Кохи Суруш” намоиш дода мешавад. Хоҳишмандон чиптаҳоро аз фурушгоҳҳои “Ёвар” дастрас карда метавонанд. Инчунин пеш аз оғози Эл-Класико бо иштироки намоядаҳои расмии Ла Лига озмун гузаронида мешавад, ки шартҳои озмунро минбаъд бароятон хоҳем хабар дод.