Лаша Бекаури унвони қаҳрамониро дар Бозиҳои Олимпӣ ҳифз кард

Лаша Бекаури унвони қаҳрамониро дар Бозиҳои Олимпӣ ҳифз кард

Дар рӯзи панҷуми Бозиҳои олимпии Париж-2024 аз риштаи ҷудо Лаша Бекаури аз Гурҷистон қаҳрамони зери вазни то 90 кг гардид.  Бекаури пас аз ба даст овардани нишони тилло дар Бозиҳои Олимпии Токио -2020 дар Париж низ нишони тиллоро соҳиб шуд. 

Акнун, Бекаури қаҳрамони дукаратаи олимпӣ гардид. Ҳамчунин, Лаша унвони қаҳрамони секаратаи ҷаҳон ва дукарата "Ситораҳои ҷудои ҷаҳон"-ро низ дорад.

Аҷибаш дар он аст, ки ба ҳамаи ин муваффақиятҳо Лаша дар 24 солагӣ даст ёфтааст. Дар роҳ ба финал Лаша аз садди роҳи Ивайлов Иванони булғорӣ, Ҷуйеоп Ҳани кореягӣ, Тристани Мосахлишвилии испанӣ зафар ёфта, дар финал бар рақиби пурқувват Санширо Мураои ҷопонӣ ғалаба ба даст овард.

Ёдовар мешавем, ки ҷудокори мо Комроншоҳи Устопириён дар ин рӯзи мусобиқа дар даври аввал аз Тристани Мосахлишвилии испанӣ мағлуб шуда, мусобиқаро тарк кард. 

Ғолибони вазни -90 кг

1.Лаша Бекаури (Гурҷистон)

2.Санширо Мурао (Ҷопон)

3. Зеодорос Тселидис (Юнон)

3.Нгаяп Ҳамбоу (Фаронса)