Лаша Парунашвили — бозигари нави “Хуҷанд”
Клуби футболи «Хуҷанд» ҳайати худро бо бозигари нави хориҷӣ пурзӯр намуд. Дастаи шаҳри Хуҷанд расман аз пайвастани нимҳимоятгари гурҷӣ Лаша Парунашвили хабар дод.
Парунашвили тарбиятгирандаи мактаби футболи «Динамо» Тбилиси буда, дар фаъолияти касбии худ таҷрибаи назарраси дохиливу байналмилалӣ андӯхтааст. Ӯ на танҳо дар мусобиқаҳои миллӣ, балки дар сатҳи баландтарини қораи Аврупо низ ҳунарнамоӣ карда, таҷрибаи бозӣ дар мусобиқаҳои бонуфузи клубӣ, аз ҷумла дар Лигаи чемпионҳо ва Лигаи Аврупоро дорад. Ин таҷриба метавонад барои боло бурдани сифати бозии хатти миёнаи «Хуҷанд» нақши муҳим бозад.
Ҳамчунин нимҳимоятгари 33 солаи гурҷӣ таҷрибаи баромад дар ҳайати тими миллии кишварашро дошта, бо маҳорати идораи тӯб, биниши хуби майдон ва қобилияти созмон додани ҳамлаҳо шинохта мешавад. Интизор меравад, ки ӯ пас аз мутобиқ шудан ба муҳити даста ба расидан ба ҳадафҳои гузошташуда саҳми арзанда мегузорад.