“Лестер” қаҳрамони Ҷоми Англия

“Лестер” қаҳрамони Ҷоми Англия

Дар финали Ҷоми Англия “Лестер” дастаи “Челси”-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голи ягонаи бозиро Тилеманс ба ҳадаф расонид. “Рӯбоҳҳон” дар таърихи мавҷудияташон аввалин бор аст, ки ин ҷомро моли худ мекунанд. Пеш аз ин онҳо 4 маротибаи дигар дар финал иштирок намуда буданд. Ҷоми Англия аз ҳама мусобиқаи кӯҳантарин дар футбол ба ҳисоб меравад. Аввалин бор ин мусобиқа солҳои 1871/1872 баргузор шуда буд. Дастаи “Арсенал” серҷоизатарин дастаи ин мусобиқа мебошад, ки 14 маротиба ҷомро моли худ кардааст.