Левандовски бинобар сабаби осеб дар “эл классико” иштирок намекунад
Ҳамлагари дастаи “Барселона”- Роберт Левандовски бинобар ҷароҳате, ки дар бозӣ дар ҳайати тими миллии Полша гирифт, дар “эл классико” бар зидди “Реал Мадрид” иштирок карда наметавонад. Бозии ин ду даста дар даври 10-уми Ла Лига баргузор мешавад ва рӯзи якшанбеи 26-уми октябр доир мегардад.
Тавре ки хадамоти матбуотии “Барселона” дар сомонаи расмӣ хабар додааст, ҳамлагар аз зонуяш осеб гирифтааст ва муҳлати барқароршавиаш вобаста ба тарзи муолиҷа муайян хоҳад шуд. Бо вуҷуди ин, Левандовски барои бозӣ бо “Реал Мадрид” пурра шифо ёфта наметавонад. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt, бозгашти ӯ ба майдон на пештар аз 18-уми ноябр пешбинӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 12-уми октябр, тими миллии Полша дар бозии даври 8-уми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 дастаи Литваро бо ҳисоби 2 бар 0 мағлуб кард. Яке аз голҳоро Роберт Левандовски ба номи худ сабт намуд.