Левандовски дар бозӣ бо “Атлетико” ба майдон намеояд
Хадамоти матбуотии “Барселона” дар бораи осеби ҳамлагари даста Роберт Левандовски иттилоъ дод. Футболбози лаҳистонӣ бинобар ҷароҳат бозии ҷавобии марҳилаи нимниҳоии Ҷоми Испанияро муқобили “Атлетико Мадрид”, ки рӯзи 3 март баргузор мешавад, аз даст медиҳад.
Тибқи изҳороти расмии клуб, Левандовски дар бозии охир бо “Вилярреал” осеби сар бардоштааст. Муоинаҳои тиббӣ нишон додаанд, ки ӯ шикасти устухони қисми дарунии чашмдони чапро гирифтааст. Аз ин рӯ, футболбоз наметавонад дар бозии дарпешистода иштирок кунад.
Ёдовар мешавем, ки вохӯрии мазкур дар варзишгоҳи “Камп Ноу” баргузор хоҳад шуд. Дар бозии аввал “Барселона” бо ҳисоби 0:4 дар Мадрид мағлуби “Атлетико” шуда буд.