Левандовски куҳансолтарин голзани “Барселона” дар таърихи “Эл-Классико” гардид

Ҳамлагари дастаи “Барселона” - Роберт Левандовски дар бозии ниҳоии Суперҷоми Испания бар зидди “Реал Мадрид” гол зад.
Ҳамлагари лаҳистонӣ дар синни 35 солу 146 рӯзагӣ гол зад. Ба гуфтаи MisterChip (Alxies), Левандовски куҳансолтарин голзани каталониҳо дар тамоми таърихи “Эл-Классико” гардид.
Бори охир як бозигари чунин синну сол, ки дар бозиҳои байни «Барселона» ва «Реал Мадрид» фарқ мекард, нимҳимоятгари Мадрид Франсиско Ҷенто 14-уми сентябри соли 1969 буд.
Ёдовар мешавем, ки "Реал Мадрид" бори 13-ум барандаи Суперҷоми Испания шуд. “Барселона” 14 маротиба ин ҷоизаро ба даст овардааст.